ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ

Декани факултет, муаллими калон Худоназаров Махсум.
Факултети математика ва физика дар аввал ҳамчун шуъба дар ҳайати факултети илмҳои табиӣ фаъолият намуда, аз соли 1993 ба факултет мустақил табдил ёфт. Факултет дорои иқтидори бузурги зеҳнӣ буда, дар айни замон 47 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар кормандон ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Аз ҷумла, 1 нафар доктори илм, профессор, 1 нафар номзади илм, профессор, 7 нафар номзади илм, 13 нафар саромӯзгор, 18 нафар ассистент, 6 нафар корманди ёрирасон ва 1 нафар омӯзгор ба тариқи ҳамкорӣ кор мекарданд.
Факултети математика ва физика мутахассисони касбиро аз рӯи ихтисосҳои 1-20501- математика, 1-310303-02- математикаи амалӣ, 1-310304- информатика, 1-980101-01- амнияти компютерӣ, 1-020502- физика ва 1-02050405-астрономия дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) тайёр мекунанд.
Дар факултет 318 нафар донишҷӯ таҳсил карданд, ки аз ин шумора 244 нафар дар шуъбаи рӯзонаи бакалавриат, 74 нафар дар низоми таҳсилоти ғоибона ва 69 нафар дар асоси квотаи Президентӣ буданд. Дар назди кафедраҳои факултет 9 нафар магистрант ва 3 нафар докторант аз рӯи ихтисоси PhD ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Шумораи умумии хатмкунандагони факултет дар ин солҳо беш аз 4500 нафарро ташкил медиҳад ва ҳамаи онҳо дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвари мо ва берун аз он бомуваффақият фаъолият менамоянд.
Факултети математика ва физика маркази асосии тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мебошад.
Дар факултет 3 маҳфили илмии донишҷӯён бо номҳои «Алҷабр», «Технологияи муосир» ва «Ҳалли масъалаҳои физикӣ» фаъолият мекунанд.
Дар назди факултет 3 кафедра амал мекарданд: кафедраи таҳлили математикӣ, кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ ва кафедраи физикаи умумӣ.
Корҳои илмӣ-тадқиқотии факултет ба назарияи наздикшавии синфи функсияҳои гуногун, сохтмони модели математикии масъалаҳои иқтисодии ВМКБ ва таҳқиқи раванди сейсмикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва берун аз он бахшида шудаанд.
Мувофиқи нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби омӯзгорони факултет 6 китоби дарсӣ, 1000 мақолаи илмӣ, 80 дастури таълимӣ-методӣ ва монография нашр карда шудаанд. Омӯзгорони факултет дар симпозиумҳо, семинарҳо ва конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд.
Факултет бо барномаҳо ва лоиҳаҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад. Омӯзгорони факултет дар доираи барномаи HiEdTEC бо лоиҳаи «Модернизатсияи таҳсилоти олӣ бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ» ва донишҷӯён бо лоиҳаи «Digical future сар» ҳамкорӣ менамоянд.
Факултет бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ, Институти физика ва техникаи ба номи С. Умарови АМИТ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамкории зич дорад.
Дар солҳои гуногун факултетро профессор Имомназаров Б. (1993-1997), дотсент Шогунбеков Ш. (1997-1999), дотсент Некадамов Ш. (2000-2007), дотсент Зарифбеков М. (2007-2012) ва Мавлоназаров М. (2013-2019) роҳбарӣ кардаанд.Аз соли 2021то 2023 декани факултет номзади илмҳои физика ва математика Заргаров Ҷ. Ҷ буд. аз соли 2021 то соли 2023 роҳбарии факулетро номзади илмҳои физика-атематика Мамадаёзов Н.А. ба уҳда дошт. аз соли 2023 то инҷониб роҳбарии факултети мазкурро Худоназаров М.А. ба уҳда дорад.