Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Лондон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пойтахти Бритониё
Лондон
англ. London
Image
Кишвар Бритониёи Кабир
Роҳбар Содиқ Хон[d][1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис тақрибан 47[2]
Масоҳат
  • 1 572 ± 1 км²
Баландии марказ 4 м[3]
Минтақаи замонӣ UTC±00:00[d], Greenwich Mean Time[d], UTC+1[d] ва Europe/London[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ инглисӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 20, 1322, 1689, 1708, 1737, 1895, 1923, 1959, 1992
Нишонаи почта E, EC, N, NW, SE, SW, W, WC, BR, CM, CR, DA, EN, HA, IG, KT, RM, SM, TN, TW, UB ва WD
london.gov.uk
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Image Парвандаҳо дар Викианбор

Лондон, ё Ландан (англ. London [ˈlʌndən] ) — пойтахт ва бузургтарин шаҳри Подшоҳии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва аз ҳама сераҳолитарин шаҳр дар Аврупо мебошад[5].

Ҷуғрофия ва иқлим

[вироиш | вироиши манбаъ]

Иқлими Лондон — баҳрӣ. Ҳарорати миёнаи январ 10-15С°, июл — 18,9°С

Image
An aerial view of East London from the south-west

Ноҳияҳои асосии Лондон; Сити — дар он бонкҳою биржаҳо, идораҳои монополияҳои калон, бинои парлумон, муассисаҳои хукуматӣ ва қароргоҳи подшоҳ (қасри Букингем) ҷой гирифтаанд. Трафалгар Уэст-Энд — маҳалли истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, Ист-Энд — пойгоҳи таъмири киштиҳо ва маҳалли коргарнишин мебошанд.

Лондон таърихи дуҳазорсола дошта, асрҳои XI—XII — пойтахти расмии Инглистон шудааст. Асрҳои XVII—XVIII Лондон ба яке аз бандарҳои калонтарини баҳрии дунё, маркази калони тиҷоратӣ ва молиявӣ табдил ёфтааст. Сокинони шаҳри Лондон дар инқилоби буржуазии Англия нақши бузург бозиданд. Лондон маркази калонтарини ҳаракатҳои коргарӣ, яке аэ манбаъҳои асосин ҳаракати чартистӣ буд. Соли 1847 дар Лондон Конгрессҳои 1-ум ва 2-юми Иттифоқи коммунистон баргузор шуд. Асрҳои 19—20 дар Лондон К. Маркс, Ф. Энгелс, В. И. Ленин кор ва зиндагӣ кардаанд. Соли 1902 дар Лондон рӯзномаи "Искра" чоп мешуд.

Image
A London street hit during the Blitz of World War II.
Image
Bishopsgate, in the City of London.

Дар Лондон ва атрофи он корхонаҳои гуногуни саноатӣ ҷой гирифтаанд: мошинсозӣ, коркарди оҳан (саноати ҳавогард ва худравсозӣ, электротехникӣ ва электронӣ, атомӣ асбобсозӣ, таъмири киштиҳо, истеҳсоли дастгоҳҳои радиоӣ, телефон ва ғ.), коғазбарорӣ, коркарди нафт ва полиграфӣ, хӯрокворӣ, тамоку, дӯзандагӣ, кимиё, чӯбгарӣ, мебелсозӣ ва ғ. Саноати Лондон дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии мамлакат мавқеи муҳим дорад.

Лондон якҷоя бо ноҳияҳои атрофи шаҳр Лондони Бузургро ташкил медиҳад, ки аз 32 шаҳристон ва ноҳия иборат аст. Масоҳат — 1.8 ҳаз. км². Аҳолӣ — 8 961 989 нафар (2020).

Мақолаи асосӣ: Нақлиёти Лондон

Фурудгоҳҳо: Лондон (Ҳитроу) ва Гатунк. Сохтмони метрои Лондон соли 1860 оғоз ёфта дар дунё қадимтарин аст.

Image
яке аз калонтарин терминалҳои роҳи оҳан дар Лондон
Мақолаи асосӣ: Маориф дар Лондон
Image
The Royal School of Mines entrance at Imperial College London, part of the Донишгоҳи Лондон

Дар Лондон муассисаҳои маъруфи таълимӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Лондон, Донишгоҳи шаҳрӣ, Институти политехникии шаҳрӣ, Академияи санъати драмавии подшоҳӣ, Академияи мусиқии подшоҳӣ, Мактаби балети подшоҳӣ ва ғ. фаъолият мекунанд.

Лондон зиёда аз 30 осорхона, аз ҷумла Осорхонаи Британия, Осорхонаи илмӣ, Осорхонаи геология, Нигористони миллӣ, Осорхонаи баҳрии миллӣ, Театри миллӣ, театрҳои опера ва балети «Ковент-Гарден» ва «Сэдлерс-Уэлс», Китобхонаи осорхонаи Британия, Китобхонаи илмии техникии миллӣ дорад.

Мақолаи асосӣ: Варзиш дар Лондон

Лондон се маротиба мизбони Бозиҳои олимпии тобистона буд — 1908, 1948 ва 2012[6].

Машҳуртарин варзиш дар Лондон (ҳам барои бозингарон ва тамошобинон) футбол мебошад[7]. Шаҳрро бошгоҳҳои машҳури футболии Арсенал, Брентфорд, Вест Ҳем Юнайтед, Квинз Парк Рейнҷерс, Кристал Пэлас, Тоттенҳем Ҳотспур, Фулҳем ва Челси намояндагӣ мекунанд.

Image
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Лондон дорад
  • Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. — Д., 1983

Шаблон:ВП