Дар Тоҷикистон соли гузашта даромади операторони хусусии алоқа афзоиш ёфт

Март 2, 2021 15:16
Image

ДУШАНБЕ, 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон соли гузашта 142 млн сомонӣ афзоиш ёфт, хабар медиҳад Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Масалан, соли 2020 ҶСП «Индиго Тоҷикистон» («Tcell»), ҶСП «ТТ-Мобайл» («МегаФон Тоҷикистон»), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» («ZetMobile», собиқ Beeline»), дар маҷмӯъ 2 миллиарду 551 млн сомонӣ даромад ба даст оварданд. Дар соли пешини 2019 даромади умумии онҳо 2 миллиарду 409 млн сомониро ташкил дода буд.

Зимнан, даромади воҳидҳои миллии оператори алоқа «Тоҷиктелеком», КВД «Почтаи Тоҷик» ва бахшҳои Хадамоти алоқа, баръакс, 88 млн сомонӣ коҳиш ёфтаааст: аз 268 млн сомонӣ дар соли 2019 то 180 млн сомонӣ дар соли 2020.

Шумораи дастгоҳҳои телефонии системаи ШСКТ «Тоҷиктелеком» 279 ҳазор ададро ташкил дод, ки 84,7% онҳо телефонҳои хонагӣ мебошанд.

Коршиносон афзоиши даромади операторони хусусиро дар соли 2020 ба болоравии нархи хизматрасонии мобилӣ дар семоҳаи дуюми соли гузашта ва инчунин ба пандемияи коронавирус, ки бар асари он бисёр одамон ба таври фосилавӣ кор мекарданд ва бинобар ин алоқаи мобилӣ ва интернети мобилиро бештар stop-fungus-meds.com мекарданд, вобаста медонанд.

Вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ соли гузашта 93,4% -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли равон беш аз 3,3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд.

Март 2, 2021 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ImageҲаҷми умумии ҳамлу нақл байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5,8 фоиз афзудааст
ImageТАВАҶҶУҲ! Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ намегардад!
ImageДар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
ImageСОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
ImageКишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
ImageМулоқоти роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд
ImageТоҷикистон ва Миср дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ImageИштирокдорони Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бо низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ — гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ шинос шуданд
ImageДар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасонӣ барои саломатӣ ва зебоӣ доир мешавад
ImageҲамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ImageИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
ImageБанкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд